Имрӯз, 20 июл Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шӯъбаи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода ба Мудири кулли шуъбаи СММ дар Женева хонум Татяна Валовая эътимоднома супорид. Дар вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар Женева мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамчунин зимни мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва СММ, ба хусус ҳалли мушкилоти обӣ ва тағйирёбии иқлим, Ҳадафҳои Рушди Устувор ва хатару чолишҳои замони муосир мавриди муҳокима қарор гирифтанд.