Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, боридани борон ва дар баландиҳои 2500 метр боридани барф дар назар аст.
Имрӯз, 2 май дар вилояти Суғд ҳаво абрӣ шуда, боридани борони кутоҳмуддат дар назар аст. Дар баландиҳои 2500 метр боридани барф пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +8 +13 ва рӯзона +22 +27 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳаво тағйирёбанда шуда, борон меборад. Шамол аз самти ғарб 2-7 метр дар як сония вазида, ҳаво шабона +5 +10 ва рӯзона +16 +21 дараҷа гарм мешавад.
Ҳамчунин дар вилояти Хатлон ҳавои боронӣ пешгӯи гардида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво шабона +12 +17 ва рӯзона +24 +29 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, боридани борон ва дар баландиҳои 3000 метр боридани барф дар назар аст. Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат дар водиҳо рӯзона +25 +27 дараҷа гарм мешавад. Шабона ҳарорати ҳаво +11 +13 дараҷа гарм мешавад.
АМИТ "Ховар"