Дар минтақаи сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон пули мошингузари «Дӯстӣ» мавриди истифода қарор гирифт

30 сентябр бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ботканд Акрам Мадумаров дар минтақаи сарҳадии Овчӣ-қалъачаи Тоҷикистон ва Қулундии Қирғизистон пули мошингузари “Дӯстӣ” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Пули мошингузари “Дӯстӣ”, ки бар асари селфароӣ чанд сол пеш вайрон шуда буд, бо маблағгузории ҳарду тараф бунёд гардид. Он 12 метр дарозиву 8 метр паҳноӣ дорад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ботканд Акрам Мадумаров зимни иштирок дар маросими баистифодадиҳии пули “Дӯстӣ” иброз доштанд, ки сокинони деҳаҳои наздисарҳадӣ минбаъд метавонанд озодона равуо намуда, муносибатҳои дӯстонаро таҳким бахшанд.

 

Ҷонибҳо бо ёдоварӣ аз мулоқоту музокироти сатҳи олии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Сооронбой Жээнбеков таъкид карданд, ки тоҷикону қирғизҳо асрҳо инҷониб дар ҳамсоягии ҳам ба сар мебаранд ва бояд дар оянда низ бо риояи анъанаҳои неки ҳамсоядорӣ тифоқу аҳлона зиндагӣ намоянд.

АМИТ «Ховар»

Tags: