Дар маҷаллаи Австриягии «Society Magazine» силсиламақолаҳо дар бораи Тоҷикистон нашр шуданд

ТВТ.21.06.2022. Дар шумораи навбатии маҷаллаи «Society Magazine»  (Австрия), ки 10 июни соли 2022 интишор гардид, силсиламақолаҳо дар бораи Тоҷикистон, аз ҷумла маълумоти мухтасар оид ба таърих, фарҳанг, имкониятҳои сайёҳӣ ва хӯрокҳои миллӣ бо намоиши аксҳои табиати ғании кишвар нашр шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ин шумора мусоҳибаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар масъалаҳои мубрами сиёсати хориҷии кишвар, нақши кишвар дар минтақа ва ҷаҳон, инчунин ташаббусҳои байналмилалии роҳбарияти олии Тоҷикистон чоп шудааст.

Илова ба ин, мусоҳибаи Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия Идибек Қаландар оид ба робитаҳои дуҷониба ва инчунин мақолаҳо дар бораи равобити бародаршаҳрӣ миёни Душанбе ва Клагенфурт ва имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон низ нашр шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки 21 март бо даъвати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳайати шаҳри Клагенфурти Ҷумҳурии Австрия таҳти сарварии муовини Раиси шаҳри Клагенфурт, сарпарасти  бахши робитаҳои хориҷӣ  Адоис Долинар бо мақсади иштирок дар Форуми 3-юми байналмилалии «Наврӯзи Душанбе-меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Ба ҳайати меҳмонони австриягӣ ҳамчунин роҳбари Намоишгоҳҳои вилояти федералии Каринтияи Чумҳурии Австрия Бернҳард Ерлер ва роҳбари Хадамоти ташрифотии шаҳрдории Клагенфурт Ева Янитса  шомил буданд.

Дар ҳошияи сафар 22 март дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мулоқоти муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода бо ҳайати шаҳрдории Клагенфурт таҳти сарварии муовини Раиси шаҳри Клагенфурт Адоис Долинар доир гардид.

Дар ҷараёни музокирот масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурномаи робитаҳои ҳамкории бародаршаҳрҳо — Душанбе ва Клагенфурт дар чаҳорчӯбаи санадҳои мавҷудаи ҳамкорӣ мавриди гуфтугӯ қарор дода шуд.

Мавриди зикр аст, ки муносибатҳои Тоҷикистону Австрия таърихи тӯлонӣ дошта, имсол ҷонибҳо 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрияро ҷашн мегиранд. Ширкатҳои хусусии австриягӣ дар татбиқ ва азнавсозии як қатор лоиҳаҳои азими энергетикӣ ва коммуналӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан дар шаҳри Душанбе фаъолона иштирок менамоянд.

Дар рушду таҳкими муносибатҳои миёни ду кишвар саҳми шаҳрҳои Душанбе ва Клагенфурт, ки шурӯъ аз соли 1972 робитаҳои бародаршаҳриро ба роҳ мондаанд ва имсол  ба ин рӯйдоди таърихӣ  50 сол пур мешавад, басо назаррас ва арзанда маънидод мегардад.

Сафари ҳайати шаҳрдории Клагенфурт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 марти соли 2022 ба анҷом расид.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: