Бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва дар ин замина мутобиқ гардонидани хизматрасонии соҳаи тибби кишвар ба стандартҳои ҷаҳонӣ бо кӯшиш ва заҳматҳои давлату ҳукумати кишвар давра ба давра дар соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ дигаргуниҳои куллӣ ба миён меоянд. Ба фаъолият шурӯъ намудани марказҳои саломативу тандурустӣ, ифтитоҳи бунгоҳҳои тиббӣ, бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонидани муассисаҳои тандурустӣ, омода намудани мутахасисони соҳавӣ ва ифтитоҳи озмоишгоҳҳои муоссири мутобиқ ба талаботи давр аз тадбирҳои амалии давлату ҳукумат дар ин самт дониста мешавад. Табибон ва мутахассисони соҳаи тандурустии кишвар ба фаъолият шурӯъ кардани Муассисаи давлатии “Озмоишгоҳи миллии референсӣ”-ро бо таҷҳизоту лавозимоти муосири соҳавӣ дар соли 2017 яке аз дастовардҳои бузурги соҳаи тибби ҷумҳурӣ тӯли солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳисобанд.
Бояд гуфт, ки бинои “Озмоишгоҳи миллии референсӣ” аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, масоҳати умумии бино 1610 м2-ро ташкил медиҳад.
Дар ошёнаҳои якум ва дуюм озмоишгоҳҳо ва ҳуҷраҳои корӣ, дар ошёнаи сеюм озмоишгоҳ, ҳуҷраҳои корӣ ва синфхонаҳо барои таълими кормандон ҷойгир шуаанд.
Маълум гардид, ки тамоми кормандони “Озмоишгоҳи миллии референсӣ” барои кор бо таҷҳизоти муосири озмоишӣ бо кумаки ширкатҳои истеҳсолкунанда аз давраи омӯзишӣ гузаштаанд.
Зимни таҳлили ҳолати хизматрасонии муассиса маълум гардид, ки дар озмоишгоҳи мазкур тамоми шароити корӣ фароҳам оварда шуда, таҷҳизоти муосири он имконият медиҳад, ки ташхисҳои ниҳоят дақиқ бо сифати баланд, ҷавобгӯй ба талаботи байналмилалӣ ва сарфи ками неруи инсонӣ ба мизоҷон пешниҳод гарданд. Ҳамзамон аз гуфтаҳои мутахассисон маълум гардид, ки вазифаи Озмоишгоҳи миллии референсӣ аз гузаронидани тамоми озмоишҳои клиникӣ, биокимиёвӣ, иммунологӣ, бактериологӣ ва вирусологӣ иборат аст.
Маврид ба таъкид аст, ки дар маҷмӯъ имрӯз дар “Озмоишгоҳи миллии референсӣ” 236 намуди ташхисҳо дар вақти кӯтоҳ ва бо сифати ниҳоят баланд гузаронида мешаванд. Аз ҷумла, ташхиси умумии хун ва пешоб, ташхиси биохимиявии хун, ташхиси лахташавии хун, ташхисҳои иммунологӣ, гепатитҳо, муайян намудани сатҳи ҳормонҳо, ташхиси сурхча, таксоплазмол, ситомегаловирус, сифилис, скрининг, хламидиоз, трихоманиаз, уреаплазма, вируси герпес, вируси папиломаи одам, таҳлилҳои ситологӣ ва гистологӣ, таҳлилҳои бактериологӣ, ташхиси барангезандагони бемориҳои гуногуни сироятии рӯда, ташхиси бруселлёз, ревматизм ва ҳамчунин намудҳои гуногуни касалии саратон.
Таҳлилҳо нишон додаанд, ки бартарии “Озмоишгоҳи миллии референсӣ” дар ташхисҳои дақиқи он буда, ҳамзамон бартарии навбатӣ дар фаврияти кор арзёбӣ мегардад. Зимни суҳбат бо мутахассисони “Озмоишгоҳи миллии референсӣ” муайян гардид, ки агар қаблан хуни ҳар як бемор дар алоҳидагӣ ташхис мегардид, таҷҳизоти муассиса имкон фароҳам сохтааст, ки дар як соат якбора то 60 нафар аз ташхис гузаронида шаванд. Ҳамзамон барои ба даст овардани натиҷаи ташхиси хун бемор бояд ҳамагӣ 1 рӯз мунтазир шавад.
Зимни суҳбат бо мутахассисони “Озмоишгоҳи миллии референсӣ” муайян гардид, ки бартарии дигари озмоишгоҳ дар махфияти амалиёт ва нигоҳ доштани асрори беморон аст. Гуфта мешавад, ки зимни муроҷиати мизоҷон ба муассиса ба ҷойи навиштани ному насаби беморон ба ҳар нафар коди махсус гузошта шуда, он ба низоми компютерӣ ворид карда мешавад. Дар чунин сурат бемор метавонад ҳатто аз макони зисти худ тариқи компютер аз натиҷаи ташхис огоҳ гардад.
Маврид ба зикр аст, ки “Озмоишгоҳи миллии референсӣ” — и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 апрели соли 2017 бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ мавриди ифтитоҳ қарор гирифта буд.
Мутахассисон бар он боваранд, ки Муассисаи давлатии “Озмоишгоҳи миллии референсӣ” — и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз озмоишгоҳҳои машҳуре, ки имрӯз дар Германия, Ҳиндустон, Эрон, Москва ва дигар давлатҳо ҳастанд, камӣ надорад.
АМИТ "Ховар"