Идомаи маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар идомаи кори маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири кишоварзӣ Иззатуло Сатторӣ дар бораи вазъи кишту кори тирамоҳӣ, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида, содироти меваю сабзавот, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Раҷаббой Аҳмадзода оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо дар самти истифодаи замин ва раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қодири Қосим дар бораи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва ҷалби бештари сармоя ба иқтисодиёти кишвар ҳисобот доданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вазири маориф ва илм Нуриддин Саид дар бораи норасоии кадрҳои омӯзгорӣ, бунёди мактабҳои нав, ба Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағойзода баҳри бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ ва ба касбомӯзӣ ҷалб кардани занони хонанишин, ба Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ Нусратулло Салимзода оид ба дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ, ба директори Агентии захираҳои моддӣ Нурмаҳмад Аҳмадзода оид ба захира намудани маводи сӯзишвориву хӯрокворӣ ва масолеҳи сохтмон ва дар ҳолатҳои зарурӣ ба аҳолии зарардида дастрас намудани онҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ҳамчунин дар кори маҷлис ҳисоботи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед, раисони вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ шунида шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои бартараф кардани камбудиҳо дар самти истифодаи заминҳои обӣ, тезондани корҳои сохтмонӣ ва иҷрои нақшаи шудгору кишти тирамоҳӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.

Tags: