Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд

Чанд лаҳза пеш, қариб  соати 13:00 бо вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ.

Маркази заминларза дар километри 280-уми самти ҷанубу ғарби шаҳри Душанбе, дар қаламрави Ҷумҳурии Исломии Афғонистон  буда, қувваи заминларза дар марказаш 5-6 балл ва дар шаҳри Душанбе  2 баллро ташкил дод.

Дар натиҷаи заминларза  ягон талафоти ҷонӣ ва хисорот ба қайд  гирифта нашудааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: