Мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои наздик дар ҷумҳурӣ пастшавии ҳарорати ҳаворо то 10 -12 дараҷа пешгӯӣ менамоянд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии мазкур хабар доданд, шаби 18 ба 19 октябр дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, дар баъзе ҷойҳо борони шиддатнок дар назар дошта шудааст.
20 октябр ҳавои бебориш дар назар дошта шуда, рӯзҳои 21-22 эҳтимоли дубора шиддат гирифтани борон пешбинӣ мешавад.
Бар асоси пешгӯии обуҳавошиносон, 19-22 октябр ҳарорати ҳаво дар Суғд то 10-15 дараҷа, Хатлон 14-19 дараҷа, навоҳии тобеи марказ- 13-18 дараҷа ва ВМКБ то 11-16 дараҷа гарм хоҳад шуд.
АМИТ «Ховар»