Дар бархе аз хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Ҳисор кишти чигит оғоз гардид. Дар ин робита муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода ба якчанд хоҷагиҳои кишоварзии шаҳр рафта, бо ҷараёни кишту кори баҳорӣ, аз ҷумла кишти пунбадона дар Кооперативи истеҳсолии тиҷоратии ба номи Латиф Муродов, Корхонаи воҳиди таълимӣ- таҷрибавии «Ҳисор»-и Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва хоҷагии таҷрибавии истеҳсолии «Зироаткор» — и Академияи миллии илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд.
Тавре аз Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳр ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, муовини Сарвазир ба кишти чигит дар ин хоҷагиҳо оғоз бахшида, ба сифат ва ҳаҷми захираи тухмии зироати кишоварзӣ ва ҷараёни корҳои деҳқонӣ мароқ зоҳир намуд. Мавсуф ба кишоварзон барои аз рӯи қоидаҳои агротехникӣ ва босифат гузаронидани кишт ва рӯёнидани ҳосили баланд аз ҳар гектар маслиҳату дастур дод.
Ҳамчунин зикр гардид, ки аз лаҳзаи рӯзҳои офтобӣ самаранок истифода намуда, ба кишти пунбадона бояд вусъат бахшида шавад, чунки борише, ки рӯзҳои наздик дар назар дошта шудааст, сабаби намнокии бештари замин гардида, метавонад ба сабзидани ниҳолҳо мусоидат карда, ба обмонии иловагӣ зарурат намонад. Истифода аз обу ҳавои мусоид барои хоҷагидорон камхарҷ ва манфиатовар мебошад.
Муовини Сарвазир мамлакат ба деҳқонон барои гирифтани ҳосили хуби пахта маслиҳатҳои муфид дода, таъкид намуд, ки танҳо риояи қоидаҳои агротехникӣ, истифодаи тухмиҳои хушсифат ва дар муҳлати муайянгардида анҷом додани кишти чигит омили рӯёнидани ҳосили дилхоҳ ва кафили ба даст овардани ҳосили бештар мебошад.
АМИТ «Ховар»