Дар Панҷакент 4 меҳмонхона ва 6 маркази ҳунармандӣ сохта мешаванд

Бахшида ба ҷашни 5500-солагии Саразми бостонӣ дар шаҳри Панҷакент 4 меҳмонхона ва дар даромадгоҳи пойгоҳи бостоншиносии Саразм 6 маркази ҳунармандӣ сохта мешаванд. Роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ ва масъулини марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент  27 август ва 1 сентябр аз ҷараёни кори иншооти сохташавандаи сайёҳӣ бахшида ба ҷашни 5500-солагии Саразми бостонӣ дидан намуданд.

Бино ба иттилои Кумитаи рушди сайёҳӣ, бахшида ба таҷлили ин ҷашни таърихӣ як силсила иншоот ва ёдгории таърихию фарҳангӣ, иншооти вобаста ба соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла сохтмони 4 меҳмонхона барои 250 ҷой ва дар даромадгоҳи пойгоҳи бостоншиносии Саразм 6 маркази ҳунармандӣ сохта шуда истодаанд, ки як маркази он иттилоотӣ буда, барои сайёҳон ва фурӯши армуғонҳо пешбинӣ гардидааст.

«Бо мақсади ҳарчи бештар муаррифӣ намудани имкониятҳои сайёҳии минтақа аз ҷониби ширкатҳои сайёҳии ватанӣ дар ҳамкорӣ бо Кумита ва Ассотсиатсияи «Рушди туризми Зарафшон» 12 адад хатсайри сайёҳӣ бо фарогирии мавзеъҳои фарҳангию таърихӣ ва экологӣ бахшида ба 5500-солагии Саразм таҳия гардида, пешкаши дӯстдорони сайру саёҳат гардонида шуд. Маводи тарғиботию иттилоотие, ки аз ҷониби Кумита нашр мешаванд, фарогири имкониятҳои минтақаи мазкур буда, дар арафаи ин ҷашн роҳнамои сайёҳии шаҳри Панҷакент ба нашр мерасад», — иттилоъ доданд дар Кумитаи рушди сайёҳӣ.

АМИТ «Ховар»

Tags: