Дар Форуми байналмилалии волонтёрони Осиёи Марказӣ Тоҷикистонро 15 нафар намояндагӣ доранд

ТВТ.19.08.2022.  Дар шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон Форуми байналмилалии волонтёрони Осиёи Марказӣ ҷараён дорад. Дар Форуми мазкур Тоҷикистонро 15 нафар волонтёрон аз Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, волонтёрони фаъоли шаҳру ноҳияҳо ва мутахассисони соҳаи мазкур намояндагӣ доранд. Дар ин бора сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳхусрав Аюбзод хабар дод.

Дар форум волонтёрон аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон иштирок дошта, он аз 15 то 19 август идома меёбад.

Дар ҷараёни баргузории Форуми байналмилалии волонтёрони Осиё Марказӣ мутахассисон (тренерон)-и сатҳи байналмилалӣ вобаста ба рушди фаъолияти волонтёрӣ ва боз ҳам бештар ҷалб намудани ҷавонону наврасон ба фаъолияти волонтёрӣ сухан гуфтанд.

Инчунин барои боз ҳам аз наздик шинос шудани волонтёрони Осиёи марказӣ гурӯҳҳои корӣ ташкил шуданд.

Ба зикри Шоҳхусрав Аюбзод, имрӯзҳо дар 68 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ утоқи волонтёрон фаъол буда, дар он ихтиёриён дар тамоми самтҳои ҷомеа саҳми арзишманд мегузоранд. Хусусан дар шаҳри Душанбе рушду ҳаракати волонтёрӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии кор бо ҷавонон ва варзиш ҳисобида мешавад.

«Ин низом зери таваҷҷуҳи хоссаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ қарор дорад. Зеро саҳми волонтёрон дар ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои гуногуни сатҳи баланд, аз ҷумла интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоят назаррас аст»,- гуфт сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳхусрав Аюбзод.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: