Имрӯз Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Мануэл ди Оливейра Гутерреш ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Мехоҳам табрикоти хешро ба шумо ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 25-солагии узвияти кишвари шумо дар Созмони Милали Муттаҳид изҳор намоям.
Ман аз дастгирии Ҳукумати шумо аз фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид изҳори сипоси беандоза мекунам. Тоҷикистон кишвари пешбари воқеии масъалаҳои марбут ба рушди устувор ва мудирияти захираҳои об аст. Ман шумо ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро инчунин ба муносибати таҷлили 20-солагии истиқрори сулҳ ва мусолиҳаи миллӣ табрик мегӯям. Созмони Милали Муттаҳид Тоҷикистонро ба ҳайси шарики сулҳ ва рушд эътироф мекунад. Ман мехоҳам ба вежа ба кишвари шумо барои ҳамкорӣ бо Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда дар Осиёи Марказӣ ва намояндагони Дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон миннатдорӣ арз намоям.
Ман мехоҳам ба шумо итминон диҳам, ки Созмони Милали Муттаҳид бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 ва ноилшавии мардуми Тоҷикистон ба рушди устувор ҳамкории зич хоҳад кард.
Эҳтиромоти фоиқаи маро, Ҷаноби Олӣ, қабул фармоед»