Вохӯрии тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) ва Қирғизистон (U-21) дар варзишгоҳи «Авиатор»

12 июл дар варзишгоҳи «Авиатор»-и пойтахт тими мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон дар як бозии дӯстона бо дастаи мунтахаби то 21-солаи Қирғизистон вориди майдон мешаванд.
Футболбозони кишварамон таҳти роҳбарии сармураббии нави худ Виталий Левченко ба бозиҳои ниҳоии «Чемпионати Осиё-2016», ки тирамоҳ дар Баҳрайн доир мегардад, имрӯзҳо дар шаҳри Норак омодагӣ мегиранд. Ин аввалин бозии таҷрибавии дастаи мунтахаб зери роҳбарии мураббиёни нав хоҳад буд.
Оғози бозӣ соати 18 пешбинӣ шудааст.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-19) 6 -9 август дар мусобиқаи байналмилалии «CAFA Cup  U-19», ки дар шаҳри Тошканд баргузор мегардад, ширкат менамояд.

Tags: