Аз 26 то 28 апрели соли равон дар шаҳри Душанбе шашумин Фестивали байналмилалии этно-ҷаз баргузор мегардад.
Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар фестивали мазкур гурӯҳҳои мусиқии машҳури ҷаз аз Швейтсария, Германия, Австрия, Нидерланд, Франсия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ҳунару малакаи худро ба мухлисон нишон медиҳанд.
Фестивали мазкур дар толори консертии «Кохи Суруш» баргузор гардида, давоми се рӯз меҳмонони фестивал имкон пайдо мекунанд, ки бо фарҳанги мусиқии кишварҳои Осиёю Аврупо ва Осиёи Марказӣ шиносоӣ пайдо намоянд.
Ба иттилои манбаъ, зимни фестивал Тоҷикистонро устодони ҷази тоҷик, аз ҷумла гурӯҳи «Авесто», «Навои Аҷам», «Khalil brothers», гурӯҳи «Роҳи Абрешим» бо роҳбарии Самандар Пулодов ва Иқбол Завқибеков намояндагӣ мекунанд.
Бояд гуфт, ки дар доираи фестивали мазкур баргузории ҳамоиш дар мавзӯи «Роҳи рушди этно-ҷаз дар Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон» дар назар дошта шудааст.
Мақсади фестивал- тарғибу ташвиқи ин жанри мусиқии касбӣ буда, он бо ташаббуси Дафтари ҳамкории Швейтсария, Маркази фарҳангии «Бохтар» ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов гузаронида мешавад.
АМИТ «Ховар»