Дар робита ба Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи ба шаҳри сабз табдил додани Душанбе бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Хайёми пойтахт маъракаи тозагӣ ва ниҳолшинонӣ баргузор гардид, ки дар доираи он 100 адад ниҳоли навъи кипарис шинонида шуд.
Тавре аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд дар маъракаи ниҳолшинонӣ роҳбарон ва кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, сокинони шаҳри Душанбе, Ҷамъияти германӣ оид ба корҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон (GIZ) иштирок намуданд.
Иқдоми мазкур дар доираи ташаббусу дастгириҳои Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи сабзазоркунӣ ва ба шаҳри сабз табдил додани Душанбе роҳандозӣ гардидааст.
Ҳамзамон ба маъракаи ниҳолшинонӣ, тозагии муҳити зист ва сабзгардонии мавзеи мазкур иштирокчиён ва ғолибони чорабиниҳои онлайнии дар доираи «Моҳи амал оид ба иқлими сабз» баргузоргардида ҳамроҳ шуда, дар ҳифзи муҳити зист саҳм гузоштанд.
Дар интиҳои ташаббуси мазкур ба иштирокчиёни барномаи «Моҳи амал оид ба иқлими сабз» барои саҳмгузорӣ дар ҳифзи муҳити зист ва ғолиб омадан дар чорабиниҳои онлайнӣ дар мавзӯъҳои вобаста ба иқлими сабз туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.
АМИТ «Ховар»