Имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Аҳамияти танзими анъана ва ҷашну маросим дар таъмини фард, оила ва ҷомеа» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар кори он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олӣ, дастгоҳи Раиси шаҳр ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, инчунин вазорату идораҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, олимону маҳаққиқон, омӯзгорону донишҷӯён, сархатибони масҷидҳои пойтахт ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, конференсияро бо сухани муқаддимавӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ифтитоҳ намуда, паёми шодбошии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба иштирокдорони он расонд.
Дар ҷамъомад иттилоъ дода шуд, ки тибқи маълумоти оморӣ, аз соли аввали қабули қонун, яъне аз моҳи июни соли 2007 то нуҳ моҳи соли 2019 дар ҳудуди шаҳри Душанбе аз тарафи комиссияҳои доимӣ 14 575 маъракаи хатнасур, 67 722 тӯйҳои домодию арӯсӣ, 16 435 маъракаи чил ва 15 714 маросими сол ба қайд гирифта шудаанд. Барои баргузории ин маъракаҳо 35 630 чорво, аз ҷумла 28 168 чорвои калон ва 7462 чорвои хурд забҳ шуда, шумораи умумии маъракаҳо 112 693 ададро ташкил медиҳад. Аз шумораи маъракаҳои баргузоршуда хароҷоти умумӣ ба ҳисоби миёна 357 миллиону 290 ҳазору 245 сомониро дар бар мегирад.
Иштирокдорони ҳамоиш ҳамчунин ёдовар шуданд, ки давоми 12 моҳи соли сипаригардида 411 адад тӯйҳои домодию арӯсӣ ва 6569 адад хатнасури хайриявӣ баргузор карда шуданд. Ҳангоми назорати ҷараёни баргузории маъракаву маросими шаҳрвандон аз ҷониби масъулини соҳа 755 ҳолати вайрон намудани қонун ошкор гардидааст.
Дар зарфи нуҳ моҳи соли равон дар ҳудуди пойтахт 5472 маъракаи гуногун бо забҳи 1867 чорво баргузор гардид, ки хароҷоти умумии онҳо 21 миллиону 360 ҳазор сомониро дар бар мегирад. Шумораи қонуншиканиҳо 41 ададро ташкил медиҳад.
«Маҳз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар бахши танзими анъана ва ҷашну маросим сабаб шуд, ки хароҷоти зиёд дар давраи амалкарди Қонуни миллӣ – «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешгирӣ ва манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳрвандон ҳимоя карда шаванд. Вагарна мушкилоти моддию маънавӣ ба маротиб меафзуд ва буҳронҳои иҷтимоӣ халқро фаро мегирифт», -таъкид намуданд масъулин.
Дар конференсия оид ба паҳлуҳои алоҳидаи аҳамияти танзими анъана ва ҷашну маросим дар таъмини фард, оила ва ҷомеа олимону мутахассисони соҳа дар мавзӯъҳои «Нақши занон дар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Омилҳои таъмини некӯаҳволии фард, оила ва ҷомеа», «Танзими анъана ва ҷашну маросим роҳнамои раванди ҳаёт, фард, оила ва ҷомеа», «Нақши танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҳалли мушкилоти оилаи имрӯза» ва ғайра бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво сухан гуфтанд.
Дар ҷараёни кори конференсия миёни маърӯзачиён ва ҳозирин суҳбати пурмуҳтавое доир гардид, ки иштирокдорон ба саволҳои хеш посухҳои қаноатбахш гирифтанд.
АМИТ «Ховар»