Дар Душанбе масоили сиёсати монетарию қарзӣ, тадқиқот ва рушди Бонки миллии Тоҷикистон муҳокима гардид

Дар Бонки миллии Тоҷикистон ислоҳоту навовариҳо  ва    истифодаи фишангҳои нави монетарӣ ҷиҳати гузариши ботадриҷ ба реҷаи муосири сиёсати пулию қарзӣ   муҳокима гардиданд.

Тавре аз Бонки миллӣ хабар доданд, бо иштироки муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ва ҳайати намояндагони институтҳои байналмилалии молиявӣ, аз ҷумла, намояндагиҳои Хазинаи Байналмилалии Асъор дар Тоҷикистон, Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон,   Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон,  Ҷамъияти германиягӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) ва Бонки Рушди Германия дар робита ба масъалаҳои сиёсати монетарию қарзӣ, тадқиқот ва рушди Бонки миллии Тоҷикистон мулоқоти корӣ анҷом дода шуд.

Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев     зимни вохӯрӣ  таваҷҷуҳи ҳозиринро ба ислоҳоту навовариҳо, ба мисли истифодаи фишангҳои нави монетарӣ ҷиҳати гузариши ботадриҷ ба реҷаи муосири сиёсати пулию қарзӣ — ҳадафгирии таваррум (Inflation targeting), ки давоми ду соли охир раванди татбиқшавӣ дорад, ҷалб намуд. Зикр шуд, ки барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда дар ин самт корҳои зиёд анҷом дода шудаанд, вале дар баробари ин зарурат ба кумаки техникӣ, аз ҷумла, ҷалби мушовирони таҷрибадор ҷой дорад.

Ҳамчунин  нақшаи гузариш ба ҳадафгирии таваррум, дурнамо ва такмили он, ҷараёни ташаккули сиёсати монетарӣ, воситаҳои таъсиррасони сиёсати монетарӣ, нақши равобит бо ҷомеа тавассути ВАО,   татбиқи сиёсати асъорӣ, амалиёти монетарӣ, талаботи захиравӣ, бозори пул ва коғазҳои қиматнок муҳокима гардиданд.

Бояд зикр намуд, ки ҳадафгирии таваррум – реҷаи сиёсати пулию қарзиест, ки ҳадафи ниҳоии он муътадил намудани нархҳо дар давраи дарозмуҳлат мебошад. Барои расидан ба ин ҳадаф Бонки миллӣ тавассути сиёсати фоизӣ ҷиҳати таъмини муътадилии нархҳо ҷораҷӯӣ менамояд.

То имрӯз 28 давлати дунё аз реҷаи ҳадафгирии таваррум истифода мебаранд. Аз ҷумла, таҷрибаи мазкур дар миёни кишварҳои ИДМ дар ҷумҳуриҳои Арманистон, Гурҷистон, Россия ва Украина мушоҳида гардида, дар ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Беларус ба реҷаи ҳадафгирии таваррум таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.

Tags: