Футболбозони дастаи «Моҳир» дастаи «Сарбанд»-ро бо ҳисоби 7 бар 0 мағлуб карданд

Дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Ёвон бозии тақвимии дастаҳои Лигаи дуюми вилояти Хатлон- «Моҳир» (Ёвон) ва «Сарбанд» (Леваканд) баргузор шуд. Дар он бозингарони дастаи «Моҳир»  рақибони худро бо ҳисоби калони 7:0 мағлуб намуданд. Ҳамлагари дастаи «Моҳир» Баҳровар Раҳимов дар ин бозӣ воқеан маҳорати баланд нишон дода, ба дарвозаи ҳарифон 5 гол зад.

Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод,  маҳорати бозингарии аъзои дастаи «Моҳир» тадриҷан беҳтар мегардад, ки ин барои мухлисон мояи ифтихор мебошад.

Ҳоло дастаи «Моҳир» дар ҷадвали мусобиқа бо 34 хол аз 13 бозӣ дар ҷойи якум қарор дошта, ҳамагӣ 1 бозиро бохта, 1 бозии дигарро  мусовӣ анҷом додааст.

Бозии ояндаи дастаи «Моҳир» 1 октябр, соати 16:00, дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Ёвон  бо дастаи «Сарҳадчӣ»-и ноҳияи Ҳамадонӣ баргузор мегардад.

Бояд гуфт, ки то охири мавсим боз 9 бозии дигар боқӣ мондааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: