Тибқи маълумоти мутахассисони Маркази обуҳавосанҷии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 5 то 8 августи соли равон дар ҷумҳурӣ ҳавои гарм боқӣ монда, дар водиҳо ҳарорат аз рӯи меъёри муқаррарӣ то 1 дараҷа гарм мешавад. Дар минтақаҳои кӯҳӣ ҳарорат тибқи меъёри муқаррарӣ боқӣ монда, боришот ба қайд гирифта нашудаанд. Дар ин борасардори шуъбаи пешгӯйии боду ҳавои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон Фаридун Аҳмадзода ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ин давра ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар водиҳо 40 +45 ва дар минтақаҳои кӯҳӣ 32+37 дараҷа гарм мешавад. Аз ин рӯ бо сабаби баландшавии ҳарорати ҳаво дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон эҳтимолияти бавуҷудоии селҳои пиряхӣ дар назар аст. Дар ин рӯзҳо дар дарёҳои Панҷ, Вахш, Зарафшон ва болооби онҳо баландшавии якбораи сатҳи об пешбинӣ шуда, шусташавии соҳилҳо аз эҳтимол дур нест.
«Бо сабаби баландшавии ҳарорат Агентии обуҳавошиносӣ ҳушдор медиҳад, ки аз 5 то 9 август дар шаҳри Душанбе гармӣ ва афзоиши ифлосшавии ҳавои атмосферӣ ба моддаҳои муаллақ (чанг ) идома меёбад. Аз ин рӯ доир ба муҳофизати аҳолӣ аз таъсири манфии гармӣ ва ифлосшавии ҳавои атмосферӣ тавсия дода мешавад, ки шаҳрвандон рӯзона аз гаштугузори зиёд дар қитъаҳои наздик ба шоҳроҳҳои калони нақлиётгард (хусусан маҳалҳои релефи нисбатан пастдошта ва ҷараёни ҳавои камдошта) худдорӣ намоянд. Зеро он барои саломатӣ хавфи зиёд дошта, пеш аз ҳама ба кӯдакон, пиронсолон, занони ҳомила ва одамони гирифтори бемории фишорбаландӣ таъсири манфӣ мерасонад»,- гуфт Фаридун Аҳмадзода .
Ба зикри Ф. Аҳмадзода, 8 август ҳаво якбора ноустувор шуда, шиддати шамол дар назар аст. Дар минтақаҳои вилоятҳои Хатлон ва Суғд шамол шиддат гирифта, то 19-24 метр дар як сония мевазад. Дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ чангу ғубор ба амал меояд.
Шурӯъ аз даҳаи дуюми моҳи август ҳарорати ҳаво дар ҷумҳурӣ паст шуда, дар водиҳо гармӣ ба 37-42 ва дар минтақаҳои кӯҳӣ ба 27-32 дараҷа мерасад. Дар минтақаҳои кӯҳӣ боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ пешбинӣ мешавад.
Дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Хуҷанд то охири моҳ ҳавои камабри бебориш дар назар дошта шудааст.
АМИТ «Ховар»