Аввали моҳи октябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба мероси Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣбаргузор мегардад, ки ба кори он намояндагони аҳли адаби ҷумҳуриҳои Афғонистон,Покистон Туркия ва Россия даъват шудаанд.
Дар робита ба ин дирӯз дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо олимону муҳаққиқони мавлавишиноси Туркия вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ муовини Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Кароматулло Олимов, шоир Аскар Ҳаким, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Ёрмаҳмад Ниёзӣ ва ноиби президенти намояндагии Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (TIKA) Меҳмет Сурейа Йер, профессори Донишгоҳи Анқара Ҳиҷаби Кирлангич, профессори Донишгоҳи Кериккале Аднан Кара Исмаилоғлу, директори минтақавии Қуния оид ба кор бо дастхатҳо Бекир Шаҳин ширкат доштанд.
Ёрмаҳмад Ниёзӣ доир ба омодагиҳо ба ҳамоиши дарпешистода маълумот дода, зикр кард, ки конфронси мазкур барои таҳқиқи осори Мавлоно заминаи хуб хоҳад гузошт.
Кароматулло Олимов дар бораи шахсият ва осори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ изҳори андеша намуда, зикр кард, ки ин кофронс барои таҳкими дӯстӣ ва таҳқиқи илм нақши бузург мебозад. «Боиси хушнудист, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мероси гузашта, махсусан ба мероси гаронбаҳои Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ таваҷҷуҳи махсус доранд ва дар суханрониҳояшон нақши Мавлоно хело хуб таҷассум ёфтааст»,- илова намуд К. Олимов.
Меҳмет Суреййа Йер, Али Темизел, Аднан Кара Исмаилоғлу ва Бекир Шаҳин оид ба нақши Мавлоно дар илму адабиёти ҷаҳонӣ ибрози назар намуда, зикр карданд, воқеан ҳам Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ фарзанди Тоҷикистон аст, зеро ӯ бештари ҳаёти худро дар ин сарзамин гузаронидааст. Инчунин изҳори умед карда шуд, ки конфронси дар пешистода барои густариши равобити ду давлат дар самти мавлоношиносӣ ва мероси хатии он василаи хуб хоҳад буд.
Дар охир меҳмонон ва ҳозирин аз Гӯшаи Туркия дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо дидан намуданд.
АМИТ "Ховар"