Масъалаҳои мухталифи ҳамкории судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи рушди СММ, аз ҷумла омодагӣ барои гузаронидани шарҳи Ҳадафҳои рушди устувор, доир намудани ҷаласаи муштараки Кумитаи роҳбарикунандаи ЮНДАФ, ташкил намудани семинарҳои муштарак роҷеъ ба Ҳадафҳои рушди устувор ва гузаронидани мониторинги «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» аз масъалаҳое буданд, ки зимни мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид, Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Пратибҳа Меҳта мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд.
Тавре Нуралӣ Шоқурбонов, сардори Маркази матбуоти вазорати мазкур ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар ҷараёни вохӯрӣ Неъматулло Ҳикматуллозода аз ҳамкории самарабахши соҳа миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти бонуфузи СММ, аз ҷумла, Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид изҳори қаноатмандӣ карда, ҷиҳати минбаъд густариш додани ҳамкории дуҷониба омодагии худро баён дошт.
АМИТ "Ховар"