Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолият озмуни ҳунарҳои мардумӣ барпо мекунад

Бахшида  ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии  Тоҷикистон озмуни «Ҳунарҳои мардумӣ», «Зардўзии беҳтарин» ва  «Ҳунарҳои заргарии беҳтарин»-ро  баргузор менамояд. Озмун  дар 3 давра  — ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ доир хоҳад гашт.
Тавре ки аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, иштирок дар озмунҳои сатҳи ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ маҳдуд набуда, ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандон метавонанд бо маҳсулоти омодакардаи худ, ки ифодагари эҳёи ҳунарҳои мардумӣ мебошанд, иштирок намоянд.
Тибқи  талаботи низомнома, барои иштироккунандагони озмуни ҷумҳуриявӣ донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, доштани яке аз ҳунарҳои мардумӣ, иштироки фаъолона дар намоишҳои сатҳи маҳаллӣ, ҷумҳуриявӣ ва ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба анъанаҳои қадимаи халқи тоҷик, навҷўӣ ва ташаббускорӣ дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ҳатмӣ мебошад.
Даври ҷамъбастии озмун дар «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе баргузор гардида, ғолибон бо диплом ва мукофотҳо сарфароз мегарданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: