Баррасии Конфронси вазирони корҳои хориҷии «Қалби Осиё Раванди Истанбул» дар Душанбе

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов 25 октябр Сафири фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон Сомнат Гош ва Сафири Фавқулода ва Фухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулғафур Орзуро ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз ВКХ Тоҷикистон хабар доданд, зимни вохӯрӣ сафирони кишварҳои мазкур даъватномаи муштараки вазирони корҳои хориҷии Ҳиндустон ва Афғонистонро ба унвони Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар Конфронси вазирони корҳои хориҷии «Қалби Осиё Раванди Истанбул», ки 4 декабри соли 2016 дар шаҳри Амритсари Ҳиндустон пешбинӣ шудааст, тақдим намуданд.
Атрофи рӯзномаи конфронси мазкур ва роҳҳои тавсеаи ҳамкории минтақавӣ ҷиҳати таъмини сулҳу суббот, эҳёи иқтисодию иҷтимоии Афғонистон ва инчунин дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули назар сурат гирифт.

АМИТ «Ховар»

Tags: