Дирӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сафири фавқулода ва мухтори Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Аҳмад Султон Иссо Ал-Ҷобир мулоқот кард.
Дар мулоқот вобаста ба ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсат, иқтисоду тиҷорат, энергетика, кишоварзӣ, тандурустӣ, сармоягузорӣ, роҳу нақлиёт ва сайёҳӣ табодули назар карда шуд.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода соли 2017-ро соли ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни ду давлат арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки минбаъд ҷиҳати боз ҳам густариш бахшидани муносибатҳои дуҷониба дар ҳамаи бахшҳо тадбирҳои зарурӣ андешида хоҳад шуд.
Ҷонибҳо баргузории ҷаласаи Коммисияи муштарак ва таъсиси Шӯрои ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабро дар бахши иқтисоду тиҷорат баманфиат арзёбӣ намуданд.
Барои ба сатҳи зарурӣ расонидани ҳамкорӣ муаррифии ҳарчи бештари лоиҳаҳо ва имкониятҳои сармоягузорӣ муҳим шуморида шуд.
АМИТ "Ховар"