Дар Душанбе хизматрасонии нақлиёти мусофирбари истифодаи умум барои нафақахӯрони аз 75-сола боло ройгон гардид

Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  шурӯъ аз  15 декабри соли 2017 хизматрасонӣ тавассути нақлиёти мусофирбари истифодаи умум (ба истиснои таксӣ) дар шабакаи хатсайрҳои шаҳри Душанбе барои нафақахӯрони аз 75-сола боло бо пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунанда (чиптаи имтиёзноки солона ё корти имтиёзноки пардохти электронии роҳкиро) тариқи ройгон ба роҳ монда мешавад.

Тавре аз Раёсати иттилот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе   хабар доданд, ин иқдом бо мақсади дастгирии моддию маънавии насли калонсол роҳандозӣ шуда, шуъбаи нақлиёти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон», ККВД «Автобус-1, 2, 3», «Троллейбус», ҳамчунин  ҷамъиятҳои нақлиётие, ки дар шабакаи хатсайрҳои пойтахт, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ ҳамлу нақли мусофиронро амалӣ менамоянд, дар ҳамбастагӣ бо Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани раванди мазкур вазифадор гардиданд.

АМИТ "Ховар"