Дар Душанбе Форуми оби ҷамоатҳои маҳаллӣ ва мардуми бумӣ ба кори худ оғоз бахшид

Айни замон дар Китобхонаи миллии  Тоҷикистон Форуми оби ҷамоатҳои маҳаллӣ ва мардуми бумӣ бо иштироки зиёди намояндагони кишварҳои  хориҷӣ ва доираи васеи коршиносон аз соҳаҳои гуногун ҷараён дорад, — хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» аз ҷараёни он.

Форуми мазкур бо ташаббуси Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ  бо ҳамоҳангии Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор  карда  шудааст.

Дар оғози чорабинӣ раиси Кумитаи рушди маҳал Шарифҷон Ҷумъазода меҳмонон ва иштирокдорони форумро ба Тоҷикистони офтобрӯя хайрамақдам гуфта, изҳор дошт, ки масъалаи об ва мушкилоти норасоии он яке аз масъалаҳои глобалӣ маҳсуб мешавад. Аз ин хотир ҷиҳати ҳалли он ташаббуси чоруми Тоҷикистон бо пешниҳоди хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заруриву саривақтист.

Дар назар аст, ки дар идомаи форум  ширкаткунандагон оид ба аҳмияти об — ин ганҷинаи бебаҳо ва  манбаи асосии ҳаёт,  ҳифзу нигаҳдошти он мубодилаи афкор намоянд.

Ёдовар мешавем, ки 6-9 июни соли 2022  дар Душанбе Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти унвони «Пешбурди амал ва шарикӣ дар соҳаи захираҳои об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ»  баргузор мешавад.

Файзалӣ НИЁЗ,
АМИТ «Ховар»

Tags: