Ёдгор Файзов ва Муҳаммад Зоҳир Ағбар барои тақвияти ҳамкории дуҷониба мулоқоти судманд анҷом доданд

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар  мулоқот намуд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар ҷараёни мулоқот зарурати тавсияи бештари ҳамкориҳои дуҷониба, ки бо роҳи муносибатҳои дӯстонаи сарони ду давлати бо ҳам дӯсту бародар рӯи даст гирифта шудаанд, таъкид  гардид.

Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми 29 соли соҳибистиқлолии мамлакат дар ҳошияи татбиқи аҳдномаи дӯстиву ҳамкорӣ ва ҳамсоягии нек дар ҳамаи ҷаласаҳои байнидавлатӣ оид ба ҳарчӣ зудтар барқарор намудани фазои сулҳу субот ва рушди инфрасохтори кишвари ҳаммарзи Афғонистон сухан мегӯянд. Ёдгор Файзов дар ин замина рушди муносибатҳои дӯстона дар самти иқтисоду тиҷорат, обу энергетика ва фарҳангу тандурустиро асоси густариши ҳамкории судманди ду давлати бо ҳам дӯсту бародар маънидод намуд.

Сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар аз истиқболи гарму самимии раиси вилоят изҳори миннатдорӣ намуда, иброз дошт, ки  муносибати дӯстона ва бародаронаи Пешвои миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мардуми Афғонистон борҳо эҳсос намудаанд. Мусаллам аст, ки ҷангҳои таҳмилӣ дар Афғонистон ба рушди инфрасохтори он монеа мешаванд ва  мардуми афғон хуб дарк мекунанд, ки кишвари ба мо дӯсту ҳамсояи Тоҷикистон танҳо баҳри истиқрори сулҳ дар Афғонистон ва боло бурдани соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ин кишвар манфиатдор буда, дар ин росто талошҳои муассир ба харҷ медиҳад.

Тарафҳо зимни мулоқот роҷеъ ба истифодаи имкониятҳо ҷиҳати густариши муноносибатҳо миёни ду кишвари ба ҳам дӯсту ҳамсоя изҳори назар намуданд.

АМИТ «Ховар»
Tags: