Дар ноҳияи Рашт дар рӯзи якуми гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баргузории чорабинии тантанавӣ 37 нафарро барои хизмат ба Ватан сафарбар намуданд.
Салтанат Обидова, модари яке аз даъватшавандагон иброз намуд, ки «роҳнамоӣ ва гусели фарзандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ вазифаи муҳимтарини ҳар як модар мебошад. Мақсад аз даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳимояи марзу буми ватан ва баланд бардоштани донишу малакаи низомии ҷавонон мебошад. Аз ин хотир ҷавононро лозим аст, ки аз хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ худро канор нагиранд ва ба қадри тинҷию оромии кишвар ва пешрафти вазъи иқтисодии мамлакат расида, ватани азизамонро дӯст доранд».
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ вазифаи муҳими ҳар як ҷавони бонангу номус мебошад. Мақсад аз даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ- пурзӯр намудани иқтидори мудофиавии мамлакат, ҳимояи марзу буми Тоҷикистон ва баланд бардоштани донишу малакаи низомии ҷавонон аст. Барои ҳамин, онҳоро лозим аст, ки аз хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ худро канор нагиранд, ба қадри неъматҳое, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол ба он ноил гаштааст, тинҷию оромӣ ва пешрафти вазъи иқтисодӣ расанд.
АМИТ "Ховар"