Дар Душанбе ҷаласаи сайёри ҳамоҳангсозии раисони кумитаҳои мудофиа ва амнияти парлумонҳои давлатҳои аъзои СААД баргузор мегардад

28-29 октябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи сайёри муштараки ҳамоҳангсозии раисони кумитаҳои мудофиа ва амнияти парлумонҳои давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва Комиссияи доимии ин Созмон оид ба мудофиа ва амният баргузор мегардад.

Тавре котиби матбуоти палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, Тоҷикистонро дар ин ҷаласа раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Ҷурахон Маҷидзода намояндагӣ мекунад.

Гуфта мешавад, ки иштирокчиёни ҷаласа вазъи ҳарбию сиёсии минтақаи Осиёи Марказии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъиро бо аъзои кумитаҳои дахлдори Маҷлиси милливу Маҷлиси намояндагон ва роҳбарони  мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон баррасӣ мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа муовини Дабири кулли СААД оид ба вазъ ва дурнамои рушди ҳамкории ҳарбӣ, ҳарбӣ-иқтисодӣ (техникӣ) дар доираи Созмон гузориш медиҳад.

Дар рӯзномаи ҷаласаи сайёр баррасии масъалаи тавсияҳо оид ба такмили қонунгузории миллии давлатҳои аъзои СААД дар соҳаи фаъолияти қувваҳои посдори сулҳ, оид ба наздик кардани қонунгузории давлатҳои аъзои Созмон дар бораи мусодираи амвол ба манфиати мубориза бо коррупсия, маблағгузории терроризм ва дигар ҷиноятҳо ва ғайра дар назар аст.

«Иштирокчиёни ҷаласа дар машқҳои ҳарбӣ, ки дар майдони таълимии Лоҳур мегузаранд, ширкат варзида, нақшаи кории Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ барои соли 2020-ро қабул менамоянд», — афзуд манбаъ.

АМИТ «Ховар»

Tags: