Дар Душанбе ҷаласаи 7-уми комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодӣ баргузор мешавад

Имрӯз, 29 сентябр, дар Қароргоҳи ҳукуматӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 7-уми комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодӣ баргузор мешавад.

Тибқи иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар», ҷаласа таҳти раёсати  сарвазирони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон — Коҳир Расулзода ва Абдулло Орипов сурат хоҳад гирифт.

Интизор меравад, ки дар ҷараёни ҷаласа масоили тавсеаи ҳамкории мутақобила дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисодиёт, нақлиёт ва алоқа, энергетика, кишоварзӣ ва об, инчунин фарҳангӣ, гуманитарӣ ва дигар самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ баррасӣ хоҳанд шуд.

Инчунин дар доираи сафари ҳайати Ӯзбекистон ба Тоҷикистон баргузор намудани ҳамоиши тиҷоратӣ ва ҷаласаи Шӯрои корӣ ба нақша гирифта шудааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: