5 май дар Теҳрон мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо муовини Вазири нафти Ҷумҳурии Исломии Эрон Амирҳусайни Замониниё баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкории дуҷонибаи соҳавиро дар чаҳорчӯби омодагӣ ба ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Эрон оид ба ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ ва техникиву фарҳангӣ, ки қарор аст нимаи аввали моҳи июни соли равон дар Душанбе баргузор гардад, мавриди баррасӣ қарор доданд.
АМИТ «Ховар»