Дар Душанбе барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис баргузор мешавад

 Аз 23 то 27 августи соли равон дар шаҳри Душанбе барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон доир мегардад.
Тавре котиби генералии Федератсияи тенниси Ҷумҳурии Тоҷикистон  Мирҳусейн Яҳёев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар мусобиқаи мазкур наврасон аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Россия, Украина, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Туркия иштирок мекунанд.
Ба иттилои манбаъ, омодагӣ ба мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хуб буда, синни иштирок дар мусобиқа барои писарон то 14 ва духтарон то 16    муайян шудааст.

Tags: