Дар ростои эълон гардидани солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ (АМА) ва Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дубай дар ҳамкорӣ бо маркази «Ателер Лантана» 25-28 августи соли 2019 дар бинои Анҷумани илм ва фарҳанги Дубай Намоишгоҳи санъат ва ҳунарҳои мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар намоишгоҳ сокинону меҳмонони Дубай, намояндагони корпуси дипломатӣ ва аҳли илму фарҳанги АМА иштирок доштанд.
Дар намоишгоҳ ҳунару маҳорати рассомони тоҷик, нақшу нигораҳои ҳунармандон аз сангҳои гуногун, намунаҳои сӯзанӣ ва гулдӯзии чакан, кундал ва дигар фаровардаҳои ҳунармандони Тоҷикистон ба маърази намоиш гузошта шуданд.
АМИТ «Ховар»