Дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ба шарафи Соли ҷавонон ҳамоиш доир шуд

Бахшида ба Соли ҷавонон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҷаласаи васеъ баргузор гардид. Дар ин бора аз донишгоҳи мазкур иттилоъ доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа донишҷӯёну кураторони гурӯҳҳои факултети тиббӣ иштирок намуда, зикр намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии давлат то имрӯз ба масъалаҳои ҳаёти ҷавонон эътибори махсус дода, барои соҳиби дониши мукаммал ва соҳибмаълумот будани ҷавонон ҳамаи шароитро муҳайё намудаанд. Аз ҷумла, компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ анҷом ёфта, пойгоҳҳои донишгоҳҳои мавҷуда васеъ ва пурқувват гардонида шудаанд.
Донишҷӯёни донишгоҳ изҳор карданд, ки «мо, ҷавонон бояд нисбат ба дигар қишрҳои ҷомеа фаъолтар бошем, муқаддасоти миллиро аз дилу ҷон эҳтиром намоем ва бо дониши хубу аъло донишгоҳро хатм намуда, баҳри саломатии мардум софдилона хизмат намоем».

АМИТ «Ховар»

Tags: