Дар деҳаи «Чорбоғ»-и ноҳияи Хуросон аввалин манзили истиқоматӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

Дар деҳаи «Чорбоғ»-и ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон  аввалин шуда манзили № 53, ки  ба Шералӣ Раҷабов мансуб  аст,  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ба ҳолати 21 июли соли равон бунёди 67 хона барои оилаҳои аз офати табиии моҳи май зарардида ба анҷом расида, дар қисмати зиёди ин хонаҳо корҳои дару тирезачаспонӣ, андовакунӣ ва рангуборсозӣ идома доранд. Рӯзҳои наздик кӯчидани сокинони зарардидаи ноҳияи Хуросон ба манзилҳои нав имкон дорад. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, барои таъмини аҳолии деҳаи навбунёд бо неруи барқ аз тарафи ҶДММ «Нуралӣ-СКМ»-и шаҳри Душанбе 83 дона симчӯб оварда, то имрӯз ҳамаи онҳо васл карда шуда, кашонидани ноқилҳо идома доранд.

«Дар маҳаллаи мазкур, бунгоҳи тиббӣ, ҳаммом, сартарошхона, марказҳои савдо бунёд гардида, барои таъмин намудани сокинони маҳалла  бо об 18 чоҳ кофта  шуда, 1,5 километр роҳ пурра асфалтпӯш мегардад. Ҳамчунин, барои таъмини аҳолӣ бо барқ ду трансформатор насб карда мешавад»,- афзуд манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки  дар натиҷаи сели рӯзҳои 14-16 майи соли  равон 67 хонаводаи ноҳияи Хуросон зарар дида, манзилҳояшон қисман ва пурра вайрон шудаанд. Ба зарардидагони офати табиӣ дар маҳалли Чорбоғи ноҳияи Хуросон, ба ҳар яке аз 67 оила ба андозаи 8-сотихӣ замин ва масолеҳи сохтмонӣ тақсим карда шуд.

АМИТ «Ховар»

Tags: