Шурӯъ аз аввали моҳи октябр тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1990-1999 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» дар вилояти Суғд маъракаи даъвати тирамоҳӣ оғоз ёфт.
Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар рӯзи аввали даъват миёни 18 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ноҳияи Зафаробод аввалин шуда, даъвати тирамоҳиро пурра иҷро намуд.
Дар маросими тантанавие, ки дар тарабхонаи «Баҳор»- и маркази ноҳияи Зафаробод доир гардид, 90 нафар наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардиданд.
Ҳамчунин ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Шаҳристон ва шаҳри Истиқлол дар ин самт пешсаф буда, нақшаи даъватро беш аз 80 фоиз иҷро намудаанд.
7 октябр дар шаҳри Хуҷанд маросими гусели аввалин наваскарони вилоят ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар назар дошта шудааст.
Ба иттилои Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд, имсол дар маъракаи даъвати тирамоҳӣ қариб дуюним ҳазор нафар ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда мешаванд.
АМИТ"ХОВАР"