Дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев дар даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016», ки аз 12 август оғоз гардида, то 23 августи соли равон идома меёбад, ҳаваскорони шаҳри Роғун намунаи ҳунарҳои мардумиро намоиш дода, бо барномаи консертӣ хотири ҳаводорони мусиқиро шод гардониданд.
Ҳаваскорони шаҳри Роғун дар иҷрои навозиши якка бо думбра соҳиби 10 хол (баҳои баландтарин) ва барои суруди якка 9,7 холро сазовор гардиданд. Дар маҷмӯъ ҳунармандони шаҳри Роғун 93,2 хол ба даст оварданд.
Хотиррасон менамоем, ки даври ниҳоии Фестивал- озмуни мазкур бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии ҳаваскорони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе оғоз гардид. Ҳунармандони ноҳияи мазкур ба гирифтани 100,6 хол сазовор гардида, дар айни ҳол аз дигарон пешсафанд.