Дар Ҷумҳурии Қирғизистон Форуми байналмилалии омбудсменҳо доир гардид

Дар шаҳри Бишкек Форуми байналмилалии омбудсменҳо дар мавзӯи «Нақши омбудсменҳо дар такмили қонунгузории соҳаи ҳуқуқи инсон: интизориҳо ва дурнамо» баргузор гардид. Бо даъвати Омбудсмени Ҷумҳурии Қирғизистон дар форуми мазкур Аҳад Содиқов, сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд,  дар кори Форум омбудсменҳо ва намояндагони ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон аз давлатҳои Тоҷикистон, Австрия, Арманистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Литва, Молдова, Муғулистон, Россия, Туркия, Ӯзбекистон, Раиси Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак, инчунин намояндагон аз созмонҳои байналмилалӣ, корпусҳои дипломатӣ, мақомоти давлатии Ҷумҳурии Қирғизистон, ниҳодҳои академӣ ва кормандони Омбудсмени Ҷумҳурии Қирғизистон иштирок намуданд.
Иштирокчиёни форум дар давоми се рӯз ҷанбаҳои гуногуни ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, аз ҷумла «Нақши Омбудсмен дар амалисозии ҳуқуқи шаҳрвандон ба интихобот», «Низоми пенитенсиарӣ: ислоҳот, аз нав ба ҷомеа воридкунии (ресотсиализатсия) маҳкумшудагон», «Ислоҳоти судӣ ва ҳуқуқи инсон»  ва  «Ҳуқуқи кӯдакон (зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон)»- ро мавриди баррасӣ қарор дода, аз натиҷаҳои кори Форуми байналмилалӣ эъломияи дахлдор қабул намуданд.
Дар доираи Форуми мазкур омбудсменҳо бо Раиси Парлумони (Жогорку кенеш) Ҷумҳурии Қирғизистон вохӯрии пурмуҳтаво доир намуданд. Вохӯрӣ дар фазои кушод ва ҳусни тафоҳуми тарафайн баргузор гардид.
Ҳамчунин омбудсменҳо ва намояндагони ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон аз давлатҳои Арманистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Муғулистон, Россия, Тоҷикистон, Туркия ва Ӯзбекистон тасмим гирифтанд, ки Иттиҳоди Авруосиёии Омбудсменҳо  таъсис дода шавад.
Оид ба ҳадафҳои Форуми байналмилалӣ ва нақшаҳои якҷояи минбаъда омбудсменҳо барои рӯзноманигорон нишасти матбуотӣ доир намуда, ба саволҳои онҳо ҷавобҳои муфассал пешниҳод намуданд.

Tags: