Марҳилаи дуюми сохтмони роҳи Обигарм-Нуробод оғоз мегардад

Татбиқи марҳилаи дуюми «Лоиҳаи сохтмони роҳи Обигарм-Нуробод» оғоз гардида, дар доираи он сохтмони қитъаи роҳи  Тагикамар-Нуробод, аз километри 30+217 то километри 75+600, ба ғайри он  аз  километри 72+900 то 74+303, ки шомили марҳилаи 3-юм мебошад,  пули  дарози муваққатӣ бо роҳҳои аз ду ҷониб ба пул баранда дар назар дошта шудааст.  

Дар ин хусус Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати чиноии «Zhejiang Communication Constraction group. Co. Ltd. AVIC – INTC Project Engineering  Company»  қарордод  ба имзо расонид.

Тавре  аз  вазорати мазкур  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  санади мазкурро Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва намояндаи ширкати «Zhejiang Communication Constraction group. Co. Ltd. AVIC – INTC Project Engineering  Company»-и Чин Гуо Бохан имзо намуданд.

Тибқи иттилои  манбаъ лоиҳаи мазкур аз се марҳила иборат буда,  марҳилаи якуми он сохтмони 30,2 км роҳи асосии Обигарм -Тагикамар аз км 0+00 то км 30+217 ва сохтмони нақбҳои Қандак бо дарозии 1,6 км ва Қарағоч бо дарозии 1,7 км, сохтмони  5 пули нав, таҷдиди 1 пул, сохтмони 28 истгоҳ, 14860 метри мураббаъ пиёдароҳ ва 102,5 км нишонагузории аломати роҳро дар бар мегирад.

Баъди имзои қарород Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо намояндаи ширкати чиноӣ Гуо Бохан мулоқот намуда, масъалаҳои тақвияти ҳамкориро байни ду кишвар дар соҳаи нақлиёт баррасӣ намуд.

Азим Иброҳим изҳори боварӣ намуд, ки корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ширкати мазкур бо сифати баланд ва сари вақт анҷом хоҳанд ёфт.

АМИТ «Ховар»

Tags: