Дар ҷамоати деҳоти Ҳоит фермаи чорвопарварӣ ба истифода дода шуд

Дар арафаи Соли нави мелодӣ дар деҳаи Миртоби ҷамоати деҳоти Ҳоити ноҳияи Рашт  аз тарафи соҳибкор Мирзобек Вазиров  фермаи чорвопарварӣ барои 150 сар чорвои калони шохдор ва 300 сар бузу гӯсфанд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. 

Дар фермаи мазкур ҳоло 58 сар чорвои калони шохдор  ва 200 сар бузу гӯсфанд ба парвариш фаро гирифта шуда,  ба наздикӣ 63 сар чорвои калони хушзот ворид карда мешаванд.

Тибқи иттилои мутахассисон,  бинои фермаи чорвопарварӣ ба маблағи 850 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст. Дар ошёнаи якуми он чорво парвариш ёфта, дар ошёнаи дуюм хӯроки чорво захира карда мешавад.

Фермаи чорвопарварии хоҷагии деҳқонии Миртоби ноҳияи Рашт  бо мақсади истеҳсоли гӯшт ва маҳсулоти ширӣ ташкил гардида, дар он беш аз 10 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Соҳибкор Мирзобек Вазиров мегӯяд, ки  ояндаи наздик барои таъмини аҳолии минтақа бо тухм ва гӯшти мурғ  дар назди  ин хоҷагии деҳқонӣ  фермаи мурғпарварӣ низ бунёд мекунад.

АМИТ «Ховар»

Tags: