ОМОДАГӢ БА ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Мактабҳои автомобилии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи шаҳрҳои Ваҳдату Турсунзода 275 нафарро ба сафи артиш раҳсипор менамоянд

ТВТ. 29.08.2022. Барои омода намудани ронандагони мутахассис дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ имрӯзҳо дар Мактаби муттаҳидаи техникии шаҳри Турсунзода аз ҳисоби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 80 нафар ҷавонони синни даъватӣ касби ронандагии дараҷаи «С» ва «С-акумуляторчӣ» хонда истодаанд. Аз ин шумора 30 нафар аз шаҳри Турсунзода, 30 нафар аз шаҳри Ҳисор ва 20 нафар аз ноҳияи Шаҳринав мебошанд, ки дар маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ шомил мегарданд. Дар ин бора муовини сардори ММТ шаҳри Турсунзода Аъзам Саидов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» ибрози назар намуд.

Муовини Раиси шаҳри Турсунзода Мусулмон Эҳсонзода зикр намуд, ки «аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр имрӯзҳо аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 90 нафар ҷавонони синни даъватӣ аз рӯйи касби мутахассис — ронандаи дараҷаи «С» дар Мактаби муттаҳидаи техникии шаҳр таҳсил намуда истодаанд, ки дар иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳии даъвати ҳарбии шаҳри Турсунзода нақши асосӣ доранд. Дар назар аст, ки аз ҳисоби ҷавонони ихтиёрӣ сафи онҳо зиёд карда шавад».

Сардори мактаби автомобилии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа дар шаҳри Ваҳдат Ҷамшед Давлатов гуфт, ки «тибқи нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ, дар фасли тирамоҳ аз ҳисоби Вазорати мудофиа 45 нафар даъватшавандагон аз шаҳрҳои Ваҳдату Роғун ва ноҳияи Файзобод дар давраи омӯзишӣ ҳамчун мутахассис- ронандаи мошинҳои гаронвазн хонда истодаанд. Аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат 60 нафар даъватшавандагон дар ду гурӯҳ имрӯзҳо касби ронандагӣ омӯхта истодаанд, ки ҳамаи онҳо ба таври ихтиёрӣ ҳамчун мутахассис дар даъвати ҳарбии тирамоҳӣ ба сафи Артиши миллӣ шомил мегарданд».

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: