Дабири кулли ФФТ Давлатманд Исломов комиссари бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2020 таъйин шуд

Дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) Давлатманд Исломов комиссари бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2020 таъйин шуд.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон, мусобиқаи марказонидашудаи марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2020 дар чоргонаҳои «А», «Б», «С» ва «D», инчунин бозиҳои 1/8, 1/4 ва ½-и марҳилаи ниҳоӣ дар Минтақаи Ғарбӣ аз 14 сентябр то 3 октябр дар Давҳа баргузор мешаванд.

Дабири кулли ФФТ Д. Исломов яке аз шаш комиссаре хоҳад буд, ки дар бозиҳои Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2020 дар ин минтақа кор хоҳад кард.

АМИТ «Ховар»

Tags: