Соли 2016 нақшаи ҷамъоварии андозҳо дар вилояти Суғд барзиёд иҷро гардид

Дар соли 2016 нақшаи ҷамъоварии андозҳо дар вилояти Суғд 101,8 фоиз иҷро гардид. Дар ин бора дирӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Бино ба маълумоти Абдураҳмон Қодирӣ, дар соли 2016 суръати афзоиши соҳаи саноат дар шаҳру ноҳияҳо таъмин гардида, дар вилояти Суғд 98 адад корхонаҳои нави саноатӣ бо 2,5 ҳазор ҷойи корӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд. Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 6,9 миллиард сомонӣ расонида шуда, суръати рушди соҳаи саноат 149 фоиз таъмин гардид.

АМИТ «Ховар»

Tags: