Дар ҷануби қисми аврупоии Россия — вилоятҳои Волгоград, Астрахан ва Ростов ҳаво ба таври тааҷҷубовар ва ғайримуқаррарӣ сард аст. Ба таври истисноӣ, дар Осиёи Марказӣ низ ҳаво бениҳоят сард аст: дар Тошканд, Душанбе, Ашқобод, Ӯзбекистон ва Туркманистон барои ин вақти сол ҳаво бениҳоят сард аст. Тафовут аз меъёр то 12-16 дараҷа бо аломати манфӣ дар он ҷо кам ба назар мерасад, иттилоъ додааст ба ТАСС директори илмии Маркази гидрометеорологии Россия Роман Вилфанд.
Ба гуфтаи Вилфанд, самти шимоли қисмати аврупоии Россияро, баръакс, рӯзҳои наздик гармии ғайримуқаррарӣ интизор аст. Ҳарорат аз меъёр 8-10 дараҷа гармтар хоҳад шуд.
«Дар натиҷа, ҳолати ғайримуқаррарӣ рух медиҳад: ба шимол мавҷи ҳавои хеле гарм меояд ва дар он ҷо ҳарорат аз меъёр 8-10 дараҷа баланд мешавад, вале дар ҷануб 4-7 дараҷа аз меъёр камтар мешавад. Азбаски меъёрҳо гуногунанд, пас ба назар чунин мерасад, ки ҳарорат дар тамоми ҳудуди Россия яксон аст», — зикр кард обуҳавошинос.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, имрӯз, 23 ноябр дар Тоҷикистон ҳаво абрнок аст, вале тадриҷан соф мешавад, дар баъзе ҷойҳо борон ва барф меборад, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Дар Душанбе ҳарорат шабона 2-4 дараҷа хунук ва рӯзона 3-5 дараҷа гарм мешавад.
АМИТ «Ховар»