COVID-19. Дар Тоҷикистон шумораи гирифторони коронавируси нав ба 8939 нафар расид

Шабонарӯзи охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 40 ҳолати нави сирояти COVID-19 ва як фавт аз ин беморӣ ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, дар маҷмӯъ сирояти коронавирус дар муддати аз 30 апрел то 10 сентябр 8939 ҳолатро ташкил дода, дар мамлакат  7714  нафар ё худ 86,3%-и гирифторони бемории COVID-19 шифо ёфта, бар асари он 72 нафар фавтидаанд.

«Шабонарӯзи охир 102 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 31 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд», — илова намуданд аз маркази матбуоти вазорат.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

АМИТ «Ховар»

Tags: