Шаби 5 декабр ба Ҷумхурии Тоҷикистон бо мусоидати механизми КОВАКС 546 ҳазор воя ваксинаи «КоронаВак» ва дар доираи барномаи тақсимоти одилонаи вояҳои ваксинаҳои зидди COVID- 19 ҳамчун кумаки башардӯстона аз ҷониби кишварҳои Австрия 150 ҳазор воя ваксинаи «АстраЗенека», Маҷористон 50 ҳазор воя ваксинаи «АстраЗенека», Хорватия 122 ҳазор воя ваксинаи «Модерна» ва дар маҷмӯъ 868 ҳазор вояҳои ваксинаҳои зидди сирояти коронавируси нави COVID-19 тавассути Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) вориди Тоҷикистон гардиданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Вояҳои ваксинаҳои мазкур бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи грантии Бонки Осиёии Рушд (БОР) ба мамлакат ворид шуд.
Дар маросими қабули вояҳои ваксинаҳои макзур дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон, Консули Маҷористон дар Тоҷикистон, Бонки Осиёии Рушд ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
Зикр шуд, ки ворид гардидани вояҳои ваксинаҳои мазкур баҳри боз ҳам ҷоннок намудани маъракаи иммунизатсия бар зидди сирояти COVID-19 миёни сокинони кишвар мусоидат менамояд.
Аз оғози маъракаи иммунизатсия бар зидди сирояти COVID-19 то ба имрӯз дар ҳудуди кишвар 3 миллиону 118 ҳазору 210 нафар (53,5 фоиз) бо вояи якум ва бо вояи дуюм 2 миллиону 641 ҳазору 449 нафар (45,3 фоиз) ба ваксинатсия зидди сирояти мазкур фаро гирифта шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки то имрӯз ба Тоҷикистон 7 миллиону 705 ҳазору 200 воя ваксинаи зидди бемории COVID-19 ворид гардидааст.
АМИТ «Ховар»