Тими мунтахаби футболи Тоҷикистон дар радабандии нави FIFA аз зинаи 164 ба 145 баромад. Ин болоравӣ аз натиҷаи бозиҳои расмие, ки дастпарварони сармураббии тозаинтихоби тими миллии кишварамон Ҳаким Фузайлов дар баробари тими мунтахаби Бангладеш 2 июн (5:0) дар шаҳри Душанбе ва 7 июн (1:0) дар Дакка дар бозиҳои плей-оффи Ҷоми Осиё-2019 ба даст оварданд, натиҷагирӣ мешавад. Баъди пирӯзиҳо 70 имтиёз ба тими миллиии Тоҷикистон ихтисос дода шуд ва он ҳоло бо 220 хол дар зинаи 145 қарор дорад.
Дар миёни дастаҳои Осиё Тоҷикистон дар мақоми 23 ҷойгир шудааст. Пешсафон Эрон, Кореяи Ҷанубӣ ва Ӯзбекистон мебошанд, ки дар се зинаи аввал мавқеъ доранд.
Тими мунтахаби Тоҷикистон бозии навбатии дӯстонаи худро бо тими мунтахаби Фаластин 6 сентябр дар Хиврон баргузор мекунад. Фаластиниҳо дар феҳристи нав дар мақоми 114 қарор доранд.
АМИТ «Ховар»