Дар ҷаласаи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, Роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният интихоб шуд.
Аъзои палатаи болоии парлумон бо як лаҳзаи хомӯшӣ хотираи собиқ узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Қаҳҳор Маҳкамовро пос доштанд.
Дар маҷмӯъ аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ 34 масъалаи вобаста ба таъйиноти кадрӣ, қабули қонунҳои нав ва тағйири номҳои бархе аз минтақаҳои кишварро баррасӣ намуданд. Доир ба ҳамаи масоили баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.