Мусобиқаи байналмилалии «Роҳи абрешим-Хуашан-2016» дар Ҷумҳурии Халқии Чин ба анҷом расид. Тими мунтахаби футболи наврасони то 16 -солаи Тоҷикистон дар вохӯрии охирини худ бар мизбони мусобиқот, тими мунтахаби Чин бо натиҷаи 1:0 ғалаба карда, соҳиби медалҳои нуқраи мусобиқа гардид.
Дар бозии дуввуми рӯз футболбозони Кореяи Ҷанубӣ бар тими мунтахаби наврасони Туркманистон бо ҳисоби 3:0 пирӯз гардиданд.
Ба ҳамин тартиб дастпарварони Зайниддин Раҳимов аз се вохӯрӣ дар дутоаш дастболо гардида, танҳо аз ғолиби мусобиқа, тими мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо нишондоди 1:3 мағлуб шуданд.
Даври 1
Кореяи Ҷанубӣ- Тоҷикистон 3:1 (муаллифи гол аз мунтахаби Тоҷикистон Тоҳир Малодӯстов).
Чин-Туркманистон 4:1.
Даври 2
Туркманитсон – Тоҷикистон 2:3 (Шервони Мабатшоев, Ваҳдат Ханонов, Ҳувайдо Малиев).
Чин –Кореяи Ҷанубӣ 0:1.
Даври 3
Тоҷикистон – Чин 1:0
Кореяи Ҷанубӣ – Туркманистон 3:0