КМИР масъалаҳои марбут ба ташкил ва гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуд

10 сентябр таҳти роҳбарии Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии  Тоҷикистон /КМИР/ Бахтиёр Худоёрзода ҷаласаи навбатии Комиссия баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои марбут ба ташкил ва гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ки ба 11 октябри соли 2020 таъйин гардидааст, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин бора аз КМИР ба АМИТ “Ховар” хабар доданд.

Дар ҷаласаи КМИР  масъалаҳои шакл ва ҳаҷми ягонаи Плакати иттилоотии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини шароити баробар барои онҳо дар раванди интихобот (ташвиқоти пешазинтихоботӣ), мушаххас кардани ҳайати комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалб намудани коршиносони соҳаи интихобот дар давраи тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.

Бо қарори Комиссияи марказӣ шакл ва ҳаҷми ягонаи Плакати иттилоотии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Ин плакатҳоро Комиссияи марказӣ чоп карда, барои иттилоотонии интихобкунандагон дар бораи номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар як ҳавза ва участкаи интихобот дастрас менамояд. Ҳамзамон ҷиҳати фароҳам овардани шароити баробар барои номзадҳо дар раванди интихобот қарор қабул карда шуд.

Барои таъмини фаъолияти бомароми комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳодҳои раисони баъзе аз ноҳияҳо ба ҳайати комиссияҳои ҳавзавӣ тағйирот ворид карда шуд.

Доир ба масъалаи охирин Комиссияи марказӣ қарори дахлдор қабул намуд.

Корҳои ташкилӣ барои гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба 11 октябри соли 2020 таъйин гардидааст, идома доранд.

АМИТ «Ховар»

Tags: